Пайвандҳои дастрасӣ

25 апрел боздиди дурӯзаи Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Олмон ба поён мерасад. Вай пеш аз мулоқот бо раҳбарои Аврупо дар Ҳановер як ҷо бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон аз намоишгоҳи тиҷоратӣ боздид мекунад. Сипас бо раҳбарони Аврупо тиҷорати ҷаҳонӣ ва масъалаҳои амниятиро ба баррасӣ мегиранд.

Боздиди дурӯзаи Обама аз Олмон поёни силсилабоздидҳои вай аз се кишвар, яъне аз Британияву Арабистони Саъудӣ ва Олмон мебошад.

Баъд аз суханронӣ дар мулоқоти раҳбарони тиҷорӣ Обама ба нақша гирифтааст, ки дар поёни рӯз бо хонум Меркел барои музокира ба Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса, Маттео Рензӣ-нахуствазири Италия ва Дэвид Камерон-нахуствазири Британия бипайванданд.

Дар ин музокирот, ки аз он мулоқоти хурди раҳбарон низ ном мебаранд, мубориза бар зидди гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ дар Сурияву Ироқ, бӯҳрони муҳоҷирон дар Аврупо, райпурсӣ дар бораи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва қадамҳо барои боздоштани сиёсати таҷовузгаронаи Русия баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG