Пайвандҳои дастрасӣ

Даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 24 апрел натиҷагирӣ шуд.

Даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки 21 апрел шурӯъ шуда буд, шоми якшанбеи 24 апрел ба анҷом расид. Дар се бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Дар даври севуми мусобиқа нахуст бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода баргузор шуд. Ин бозӣ, ки 21 апрел дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барпо гардид, бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Истиқлол”- бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.

Бозиҳои дигари даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 апрел доир шуданд. Рӯзи шанбе «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бозии «Хайр»-и Ваҳдат бо дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе – бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом пазируфт.

Ду бозии охирини даври севум рӯзи якшанбе барпо гардид. «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 3:2 ва «Барқчӣ»-и Душанбе дастаи меҳмон - «Равшан»-и Кӯлобро - бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки паиҳам се ғалаба ба даст овардааст, бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ҳамакнун қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол» - бозии даври панҷуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016-ро рӯзи сешанбеи 26 апрел бо дастаи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун дар шаҳри Аммон анҷом медиҳад.

Дастаи “Хуҷанд” низ дар се бозӣ 9 имтиёз гирифтааст, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар зинаи дувум қарор дорад. Дастаи “Ҳосилот” бо 7 имтиёз мақоми севумро касб кардааст.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 30 апрел ва 1 май баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Комрон Турсунов, 5 (1:0). Акмал Холматов, 49 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 53 (1:2). Алишер Шарифов, 61 (2:2). Манучеҳр Ҷалилов, 66 (2:3).

Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Александр Каблаш, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

21 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 4000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Парвоз» – 1:0

Гол: Фарҳод Тоҳиров, 70.

Огоҳонида шуданд: Марифҷон Марифбоев («Хуҷанд»), Абдумалик Юсуфов, Соҳиб Эргашев, Бахтиёр Абдураҳмонов («Парвоз»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

23 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

«Хайр» – ССКА «Помир» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Даниэл Абам, Мӯҳсинҷон Парпиев («Хайр»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

23 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 7000 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Вахш» – 3:2

Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 10 (0:1). Эҳсон Бобоев, 23 (0:2). Абдурасул Раҳмонов, 53 (1:2). Соломон Течи, 66 (2:2). Саидалии Сафаралӣ, 87 (3:2).

Огоҳонида шуданд: Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»), Алексей Неъматов, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

24 апрел. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 6500 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Равшан» – 2:0

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 40 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 66 (2:0).

Огоҳонида шуданд: Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Фаридун Қосимов («Равшан»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

24 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

11-5

9

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

3

0

0

4-1

9

3

«Ҳосилот» (Фархор)

3

2

1

0

7-4

7

4

«Хайр» (Ваҳдат)

3

1

2

0

4-0

5

5

«Барқчӣ» (Душанбе)

3

1

1

1

6-6

4

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

0

2

4-5

3

7

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

3

1

0

2

1-5

3

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

3

0

1

2

3-5

1

9

ССКА «Помир» (Душанбе)

3

0

1

2

1-3

1

10

«Равшан» (Кӯлоб)

3

0

0

3

0-8

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 4 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 3-тӯбӣ, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Абдурасул Раҳмонов («Ҳосилот») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум:

30 апрел (шанбе)

ССКА «Помир» – «Ҳосилот»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

«Вахш» – «Барқчӣ»

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

1 май (якшанбе)

«Истиқлол» – «Равшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Парвоз» – «Хайр»

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG