Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба иттилои хабаргузории Bloomberg, Вазорати адлияи Амрико Гулнора Каримова ва шарикони ӯро ба додгоҳи Манҳеттени Ню Йорк кашидааст.

Вазорати адлияи Амрико Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон ва шариконашро ба додгоҳи Манҳеттени Ню Йорк кашидааст. Хабаргузории Bloomberg мегӯяд, шикояти Вазорати адлия рӯзи 21 апрел ба додгоҳ ворид шуда, Амрико Гулнораву шариконашро дар иҷро накардани тақозои он кишвар дар мавриди пардохти маблағ аз ҳисоби 550 миллиондоллариаш дар бонки Швейтсария муттаҳам кардааст.

Ба қавли додситонҳое, ки бо даъво ба додгоҳи федоролии Манҳеттен муроҷиат кардаанд, Гулнора Каримова ва шариконаш моҳи феврали соли ҷорӣ ба аризаҳои шикоятӣ дар мавриди се ҳисоби бонкӣ посух надодаанд.

Дар ин даъво номи Гулнора Каримова зикр нашуда ва дар он "ба як пайванди мақомоти баландпояи расмӣ дар ҳукумати Узбакистон" додани ришва таъкид гардидаст. Аммо дар шикояти Вазорати адлияи Амрико ба додгоҳ исми Гулнора Каримова ва шариконаш оварда шудааст.

Ин қазия ба парвандаи фасод алайҳи ширкати VimpelCom, воқеъ дар шаҳри Амстердам рабт доштааст. Ширкати VimpelCom иброз доштааст, ки омодааст барои қатъи парванда алайҳи шӯъбаи Unitel-и ин ширкат дар Узбакистон ба идораҳои назоратии Амрико ва Ҳолланд ба миқдори 795 миллион доллар ҷарима пардохт кунад.

Вазорати адлияи Амрико ба ғайр аз Гулнора Каримова 6 нафари дигар ва ду ширкат, аз ҷумла ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant Ltd-ро низ ба додгоҳ кашидааст. Ин вазорат ба "мансубияти ширкати Takilant ба пайвандони раиси ҷумҳури Узбакистон" ишора кардааст.

​Дар моҳи январи соли ҷорӣ давлати Узбакистон зимни як нома ба давлати Амрико ба зарурати ба ин кишвар бозгардондани маблағҳои аз ҷониби ҷинояткорон ғасбшуда таъкид карда буд.

Дар ин нома, ки бо имзои Музраф Икромов, вазири адлияи Узбакистон ирсол шуда буд, дар миёни ҷинояткорон номи Гулнора Каримова зикр нашуда, аммо шарикони наздики ӯ Рустам Мадумаров ва Гаяне Авакян ҷинояткор унвон шудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории Bloomberg, то ҳол дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Узбакистон ва сафорати ин кишвар дар Вашингтон дар бораи шикояти Вазорати адлияи Амрико ба додгоҳ ибрози назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG