Пайвандҳои дастрасӣ

Соати 2:43 дақиқаи 25 апрел боз як заминларза Тоҷикистонро таккон дод. Оҷонсии зилзилашиносии Амрико баъд аз чанд лаҳзаи ин заминларза гуфт, ки марказаш дар 26-километрии шимолуҷануби ноҳияи Ишкошими Бадахшон, дар ҳудуди Афғонистон буда, иқтидораш ба 5 дараҷа мерасад. Дар маркази зилзиланигории Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки иқтидори заминларзаи шаби 24 ба 25 апрел дар марказаш ба 4 ва дар Душанбе ба 2 дараҷа баробар буд. Ба иттилои мақомот, то кунун хисороте аз ин заминларза ба қайд гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG