Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сербия интихоботи умумӣ мегузарад


Дар Сербия рӯзи 24 апрел интихоботи умумӣ мегузарад, ки ҳамчун референдум оид ба имкони вуруди кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо арзёбӣ мешавад. Нахуствазир Александр Вучич дар бораи ду сол пеш аз мӯҳлат баргузор кардани интихобот тасмим гирифт, то ки аз пуштибонии мардум аз барномаи ислоҳоти барои вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо зарурӣ бархӯрдор шавад.

Бар пояи пурсиши афкори умум, қарор аст, ки ҳизби пешрафти нахуствазир дар интихобот пирӯз шавад.

Аммо норозигӣ аз ислоҳот ва талабҳои Иттиҳодияи Аврупо шояд боиси он гардад, ки бори аввал дар парлумони Сербия ҳизбҳои миллатгаро ҳам соҳиби курсиҳо шаванд.

Бар пояи пешгӯиҳо, аз ҷумла, раиси Ҳизби радикалӣ Воислав Шешел, соҳиби мандати депутатӣ хоҳад шуд. Нуфузи ин сиёсатмадор баъд аз он боло рафт, ки Додгоҳи байнулмиллии Ҳейг ё Гаага оид ба Югославияи собиқ ӯро аз рӯи парвандаҳои даст доштан дар ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият сафед кард. Додраси додгоҳ Жан-Клод Антонетти аз Фаронса изҳор намуд, ки Шешел замони ҷангҳо дар Югославияи собиқ дар солҳои 1991-1993 раҳбарии ягон гурӯҳи мусаллаҳро бар дӯш надошт ва дар ягон амалиёти низомӣ шахсан ширкат накарда буд. Худи Шешел ҳамеша даст доштанаш дар ҷиноёти низомӣ дар Хорватия ва Босниро рад мекард.

Аммо мақомоти Косово, Хорватия ва Боснӣ Шешелро ҷинояткор мехонанд ва вурудашро ба қаламрави худ манъ карданд.Вазири умури хориҷии Косово Петрит Салимӣ, аз ҷумла, рӯзи 9 апрел ба хабаргузории AFP гуфт, ки вуруди Шешел ба кишвар бо далелҳои барои пайвандони ҳазорон қурбониёни аъмоли ӯ дар нимҷазираи Балкан маълум манъ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG