Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Истиқлол» бе Ҷаҳонгир Ҷалилов ва Давронҷон Эргашев ба Урдун рафт


«Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Файсалӣ» бидуни Ҷаҳонгир Ҷалилов ва Давронҷон Эргашев ба Урдун сафар кард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 апрел ба пойтахти Урдун - шаҳри Аммон - расид, бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016-ро бо дастаи мизбон - «Ал- Файсалӣ» - анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 26 апрел дар варзишгоҳи “Шоҳзода Муҳаммад”-и шаҳри Аммон соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ ва 16.30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ситоди мураббиён бо раҳбарии Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол” , ба ҳайати даста 16 футболбозро дохил кардааст. Вале ду бозигари калидии даста - ҳимоятгарон Ҷаҳонгир Ҷалилов ва Давронҷон Эргашев, ки дар бозиҳои пешин кортҳои барзиёди зард гирифтаанд, ба дархости даста барои бозӣ бо “Ал-Файсалӣ” дохил нашудаанд.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили «Ал-Файсалӣ»:

Дарвозабонҳо - Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев.

Ҳимоятгарон - Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ.

Нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Акмал Холматов, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев.

Ҳамлагарон - Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафт Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол “Нафт Ал-Васат” бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” дар мақоми аввал аст. «Ал-Файсалӣ» бо 8 имтиёз дар мақоми дувум ва «Триполи» бо 4 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

«Истиқлол», ки 12 апрел дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 аз тими “Нафт Ал-Васат”, қаҳрамони феълии Ироқ, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт, шанси ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро комилан аз даст додааст.

Ҷоми АFC-2016

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “В”

Бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG