Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Фишор болои ДИИШ бояд идома ёбад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар поёни сафари расмияш дар Лондон, аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки фишор болои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро идома диҳанд. Ӯ дар як суханронӣ рӯзи 24 апел гуфт, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) бояд ба тадриҷ аз қаламрави ишғолкардаш ва ҳамчунин аз ду такягоҳаш – шаҳрҳои Мовсили Ироқ ва Раққаҳи Сурия берун карда шавад.

Обама ҳамчунин таъкид кард, ки истифодаи нерӯи пиёдагарди Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ барои сарнагун кардани раисиҷумҳури Сурия Башор Асад иштибоҳ мебуд, ба ҷойи ин бояд ба кишварҳое чун Русияву Эрон фишор овард, то ба интиқоли қудрати сиёсӣ дар Сурия муваффақ шуд.

Барак Обама Обама рӯзи якшанбе вориди Олмон мешавад ва бо садри аъзам Ангела Меркел, яке аз ҳампаймонҳои наздикаш дар мубориза бо бӯҳрон дар Ховари Миёна ва Украина, мулоқот мекунад.

Бо ташриф ба Олмон сафари шашрӯзаи Барак Обама, ки ҳадафҳояш таҳкими равобит бо ҳампаймонҳо дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия дар Украина ва мусоидат ба рушди тиҷорати байнулмилалӣ эълон шуда буд, поён меёбад.

Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Би-Би-Си, ки 24 апрел пахш шуд, Барак Обама изҳор намуд, агар Бритониё бар асари референдуми рӯзи 23 июн Иттиҳодияи Аврупоро тарк кунад, таҳияи созиши тиҷоратӣ миёни Бритониё ва ИМА аз панҷ то даҳ сол идома хоҳад кард. Обама тайи се рӯзи сафараш дар Лондон аз мардуми Бритониё даъват кард, ки дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо бимонанд.

XS
SM
MD
LG