Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҳалокати мардуми осоиштаро тасдиқ кард


Вазорати дифои Амрико рӯзи 23 апрел иқрор кард, ки бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои кишвар ба мавқеъҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия 20 сокини осоишта кушта ва 11 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилои низомиёни амрикоӣ, гап сари қурбониён миёни мардуми осоишта аз 10 сентябри соли гузашта то 2 феврали соли равон меравад. Онҳо дар нӯҳ ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ – шаш ҳамла дар Ироқ ва се ҳамла дар Сурия ҷон бохтаанд.

Ба назардошти омори нав теъдоди мардуми осоиштае, ки баъд аз шурӯи амалиёти Эътилофи таҳти фармони Амрико алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи августи соли 2014 ба ҳалокат расидаанд, то 41 нафар афзоиш ёфт.

Гурӯҳи назорати авзоъ Airwars, мақараш дар Лондон мегӯяд, ки бар асари зарбаҳои ҳамвопаймоҳои Эътиллофи байнулмилалӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯён садҳо сокинони осоишта кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG