Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори донишманд дар роҳ сӯи донишгоҳ


Як профессори донишгоҳи Бангладеш бар асари ҳамлаи афроди ношинос кушта шуд. Расул Карим Сиддиқ, устоди забони англисӣ, рӯзи 23 апрел дар роҳ сӯи донишгоҳи Раҷшоҳӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Бангладеш, мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба иттилои полис, ҳамлагарон ба бадани ӯ шамшер заданд ва аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо ҳадс зада мешавад, куштор аз сӯи мусалмонҳои ифротгарое сурат гирифтааст, ки қаблан ба блогнависҳои атест ҳамла карда буданд. Баъзе аз ин ҳамлаҳоро гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба зимма гирифта буд, аммо ҳукумат инро рад кард ва изҳор намуд, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Бангладеш ҳузур надорад.

Аз ин пеш додгоҳҳои Бангладеш гурӯҳи ошӯбгарони муттаҳам дар ҳамлаҳои марговар ба блонависҳо, аққалиятҳои шиамазҳаб ва ду хориҷиро муҷозот карда буданд.

XS
SM
MD
LG