Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш сол зиндон барои "қасди иштирок" дар ҷангҳои Сурия


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини кишварро бо иттиҳоми қасди ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ, барои шаш сол равонаи зиндон кардааст.

Насим Хушвахтов, як сокини кишвар аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба иттиҳоми қасди ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ба шаш сол зиндон маҳкум шудааст.

Як манбаъ аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 23-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Насим Хушвахтов аз сӯи Додситонии куллии Тоҷикистон ба додгоҳ ирсол шуда буд. Бар пояи ин ҳукм, ки рӯзи 1-уми апрел содир шудааст, Насим Хушвахтов ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ муҳлати ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, сипарӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи манобеи додгоҳӣ, Насим Хушвахтов дар таърихи 22-юми марти соли гузашта ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад ва давоми ҳашт аввали будубошаш дар Маскав, бо писари тағояш Заробиддини Иброҳим ва дигар аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо номҳои "Ахи" ва "Мусъаб" тариқи шабакаи "Телеграмма" гуфтугӯ намуда ва даъвати онҳоро барои шомил шудани ба ин гурӯҳи тундрав, қабул мекунад.

Манбаъ мегӯяд, ки сипас Насим Хушвахтов ба ҳадафи пайвастан ба ин гурӯҳ ва ширкат дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурия, рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ тариқи хатсайри Маскав-Истанбул, озими Туркия мешавад. Аммо аз сӯи мақомоти амниятии Русия боздошт шуда ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Зимнан ба иттилои расмӣ дар Русия ҳудуди 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ин гурӯҳҳо ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 60 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли 2015 созмонҳои тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-Нусра”-ро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои террористӣ дароварда, фаъолияташонро дар ҳудуди ин кишвар расман манъ кард.

XS
SM
MD
LG