Пайвандҳои дастрасӣ

Соран Сингҳро толибони Покистон куштаанд


Соран Сингҳ

Соран Сингҳ

Ҷунбиши Таҳрики Толибони Покистон рӯзи 23 апрел масъулияти куштори Соран Сингҳ яке аз чеҳраҳои маъруфи ҷомеъаи сикхҳо ва сиёсатмадори мухолифи давлатро бар дӯш гирифт.

Соран Сингҳ рӯзи ҷумъа дар зодгоҳаш – як рустои водии Бунер, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Намояндаи Таҳрики Толибон Муҳаммад Хуросонӣ рӯзи шанбе изҳор намуд, ки куштор аз сӯи мусаллаҳони ин гурӯҳ анҷом шудааст. Дар як изҳорот, ки аз тариқи почтаи электронӣ ирсол шудааст, Хуросонӣ ин амалро бо таҳкими низоми исломӣ дар Покистон марбут кардааст.

Имрон Хон, раҳбари ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон, ки Сингҳ яке аз фаъолонаш буд, кушторро маҳкум кард ва аз Соран Сингҳ чун шахси ватандӯст ва сиёсатмадори мӯътадил ситоиш кард.

Сикхҳо камтар аз як дар сади аҳолии 190 миллион нафараи Покистонро ташкил медиҳанд. Бештари онҳо мутмаинанд, ки дини онҳо маҳз дар қаламрави феълии Покистон арзи вуҷуд кардааст.

XS
SM
MD
LG