Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешсафии“Помир” дар мусобиқаи лигаи аввал


Дастаи "Помир". Акс аз бойгонӣ.

Дастаи "Помир". Акс аз бойгонӣ.

Дастаи “Помир”-и Душанбе дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар ҷойи аввал аст.

Мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо шаш бозӣ, ки рӯзҳои 20-21 апрел баргузор шуданд, оғоз ёфт. Се бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва се бозӣ бо ғалабаи меҳмонон ба анҷом расиданд. Ҳамагӣ 24 гол зада шуд, ки 13-тоаш ба соҳибони майдон ва 11-тоаш ба меҳмонон мутааллиқ аст. Дар шаш бозӣ ҳашт корти сурх нишон дода шудааст.

Дастаи “Помир”-и Душанбе, ки дар майдони худ «Парвин»-и ноҳияи Бохтарро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқа садрнишин шуд. Дар ду бозии дигар соҳибони майдон – “Ҳулбук”-и Восеъ бар “”Чашма”-и Шаҳритус ва “Локомотив”-и Душанбе бар “Зарафшон”-и Панҷакент – бо ҳисоби якхелаи 3:2 ғалаба карданд.

Дар се бозӣ меҳмонон – “Паҷшер”-и Румӣ бар “Кӯктош”-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:0, “Саройкамар”-и Панҷ бар “Канд”и Конибодом бо ҳисоби 2:1 ва “Ваҳдат”-и Ваҳдат бар “Коммуна”-и Фархор бо ҳисоби 3:2 – пирӯз шуданд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Панҷшер» – 0:1

Гол: Хуршед Умуров, 42.

Аз майдон хориҷ шуд: Абдулатиф Тоҷиаҳмадов («Панҷшер»), 70 – корти 2-юми зард.

«Ҳулбук» – «Чашма» – 3:2

Голҳо: Хуҷаев, 21 (0:1). Акрамов, 39 (1:1). Зайнуллозода, 45 (1:2). Зоиров, 73 (2:2). Холматов, 88 – аз пеналтӣ (3:2).

«Локомотив» – «Зарафшон» – 3:2

Голҳо: Хайём Усмонов, 14 (0:1). Ҷаҳонгир Ҷабборов, 33 – ба дарвозаи худ (0:2). Зиёдулло Одинаев, 42 (1:2). Зиёдулло Одинаев, 60 (2:2). Зиёдулло Одинаев, 71 (3:2).

Аз майдон хориҷ шуданд: Хайём Усмонов («Зарафшон»), Нормаҳмад Бегов («Зарафшон») – баъди бозӣ, барои таҳқири доварон.

«Канд» – «Саройкамар» – 1:2

Голҳо: Ҳамробоев, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Саид Умарӣ, 54 (1:1). Ҷонибек Ғаффоров, 81 (1:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳамдам Пулотов («Канд»), 90+1 – дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.

«Коммуна» – «Ваҳдат» – 2:3

Голҳо: Қараев, 22 (0:1). Ҳақназаров, 26 (0:2). Наимов, 42 (1:2). Наимов, 65 (2:2). Азизов, 82 (2:3).

Аз майдон хориҷ шуд: Беҳрӯз Мамедов («Коммуна»), 84 – корти 2-юми зард.

«Помир» – «Парвин» – 4:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 20 (1:0). Шаҳром Самиев, 54 (2:0). Парвиз Саидмуродов, 81 (2:1). Тоҳир Малодӯстов, 87 (3:1). Тоҳир Малодӯстов, 90+1 (4:1).

Аз пеналтӣ тӯбро ба нишон нарасонд: Парвиз Саидмуродов («Парвин»), 81 – дарвозабон.

Аз майдон хориҷ шуданд: Баҳодур Каримов («Парвин»), 72 – корти 2-юми зард, Беҳрӯз Ниёзов («Парвин»), 74 – корти 2-юми зард, Ҳувайдо Малиев («Помир»), 75 – корти 2-юми зард.


Даври 2-юм:

27 апрел (чоршанбе)

«Ваҳдат» – «Помир»

«Зарафшон» – «Коммуна»

«Саройкамар» – «Локомотив»

28 апрел (панҷшанбе)

«Чашма» – «Канд»

«Панҷшер» – «Ҳулбук»

«Исфара» – «Кӯктош»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG