Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи СММ: "Аскаровро раҳо кунед"


Азимҷон Аскаров

Азимҷон Аскаров

Ҷунбиши дифоъ аз ҳуқуқи инсон бо номи “Бир Дунё” бо такя ба тасмими кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар аз Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон тақозо намудааст, ки Азимҷон Аскаров-ҳомии ҳуқуқи башарро, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, аз зиндон раҳо кунад. Дар ин бора хабаргузориҳо иттилоъ додаанд.

Вай барои ширкат дар муноқишаҳои соли 2010 маҳкум ба зиндон шуда буд.

Дар паёми ин ҷунбиш ба раиси ҷумҳур гуфта мешавад, ки Аскаров дар зиндони шумораи 47 нигаҳдорӣ мешавад ва саломатиаш хеле вазнин аст.

21 апрел кумитаи СММ, ки аз 18 нафар коршиносони мустақили байналмиллалӣ иборат аст, аз Қирғизистон хост, ки Аскаровро аз зиндон раҳо ва иттиҳомотро аз вай бардорад.

Дар Кумитаи СММ бар ин ақидаанд, ки дар мавриди Аскаров чанд моддаи Аҳдномаи байналмиллалӣ роҷеъ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Азимҷон Аскаровро вайрон шудааст.

XS
SM
MD
LG