Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров бо раҳбарони Арманистон мулоқот мекунад


Лавров дар Арманистон
Лавров дар Арманистон

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Ереван дар оғози мулоқоташ бо Эдуард Налбандиён-вазири корҳои хориҷаи Арманистон гуфт, “имрӯз хеле муҳим аст, то ба таври ҷиддӣ созиши оташбас баррасӣ шавад”.

Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки байни ҷудоихоҳони Қарабоғи Кӯҳистонӣ ва нируҳои Озарбойҷон барои ин минтақа даргириҳо сурат гирифта буд.

Интизор меравад, ки Лавров дар бораи роҳҳои ҳали муноқиша дар ҷараёни музокироташ бо Серж Сарикисян-раиси ҷумҳури Арманситон низ гуфтугӯ кунад.

Оташбас 5 апрел баъд аз чаҳор рӯзи даргириҳои шадиди байни ҷудоихоҳон ва нируҳои Озарбойҷон эълон шуд, вале то ҳол тирандозиҳои алоҳида мушоҳида мешавад.

Минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонӣ мегӯяд, 21 апрел дар тирандозие аз ҷониби Озарбойҷон як сарбозаш кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG