Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Норак рӯзи 22 апрел маросими ифтитоҳи Маркази тавонбахшӣ барои атфоли имконияташон маҳдуд баргузор шуд, ки бо маблағгузории Иттиҳодияи Аврупо бунёд шудааст. Дар ин марказ беш аз 60 тифли имконияташ маҳдуд ҳамакнун метавонанд аз субҳ то шом бо тарбияи вижаи педагогиву тиббӣ фаро гирифта шаванд, барои кӯмак дар барқароркунии саломатии ин атфол дастгоҳҳои махсуси замонавӣ ҳам оварда шудааст. Ин панҷумин маркази махсуси тавонбахшӣ барои атфоли маъюб дар вилояти Хатлон аст, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ шуда, дар маҷмӯъ барои сохтмонаш 500 ҳазор евро масраф шудааст. Дар маркази тавонбахшии Норак 15 омӯзгори аллакай таълимдида бо кӯдакон кор хоҳанд кард. Маросими ифтитоҳи марказ бо ҳузури намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ Питер Бурян ва масъули барномаҳои рушди Осиёи Марказӣ дар Комиссияи Аврупо Йобст фон Кирхман баргузор шуд

XS
SM
MD
LG