Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази бӯҳронии Темиртау ҳимояти молӣ меҷӯяд


Танҳо маркази бӯҳронӣ дар шаҳри Темиртауи вилояти Қарғандаи Қазокистон, ки ба занҳои кӯдакдор сарпаноҳ медиҳад, ба пуштибонии молӣ ниёз дорад. Раҳбарони ин марказ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз сокинон кумак хостаанд.

Соли севум аст, ки ин маркази бӯҳронӣ барои занҳои кӯдакдорие, ки дар вазъи душвори ҳаётӣ қарор доранд, сарпаноҳи муваққатӣ медиҳад. Дар ин ҷо на танҳо паноҳгоҳ медиҳанд, балки барои гирифтани кумакпулиҳо ёрӣ медиҳанд ва барои дар навбат истодани ниёзмандон ба манзили иҷтимоӣ ва ҷой дар боғчаи бачагон сабти ном карда, дар масъалаҳои дигаре ҳам мусоидат мекунанд.

Ин маркази бӯҳронӣ бо сармоягузории сафорати Ҷопон сохта шуда, асосан аз ҳисоби фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ ва ёрдампулиҳо фаъолият мекард. Аммо аз моҳи январи соли ҷорӣ ин паноҳгоҳ бе пул ва ҳимояти сохторҳои давлатии Қазоқистон монд. Ба ин сабаб кормандон водор шуданд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дархости кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG