Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон милиса бонкро ғорат кард


Гурӯҳи ҷиноятии созмонёфта бо раҳбарии корманди милитсия ба бинои “Микрокредитбонк” дар ноҳияи Боғоти вилояти Хоразми Ӯзбекистон ҳамла кард. Дар 45 халтаи рабудашуда беш аз 16 миллион сӯм ё 2600 доллари ИМА буд.

Ҷинояткорон бештар ба бинои бонк зарар расониданд. Онҳо панҷараи табақаи аввал аз тарафи ақиби биноро шикаста, таҷҳизоти огаҳсозӣ ва ҷевонҳои оҳании нигаҳдории пулро шикастанду ҳарчӣ зери даст меафтод, нобуд карданд, - гуфт ба Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ як манбаи наздик ба раҳбарияти “Микрокредитбонк”.

Ин ҷиноят зуд ошкор ва ҳамаи 45 халта пулро ба бонк баргардонида шуд. Акнун ҷинояткоронро 16 соли зиндон интизор аст.

Ба расонаҳои Ӯзбекистон дар бораи набудани пули нақд барои пардохти маоши кормандони муассисаҳои бузурги стратегӣ ва нафақапулии шаҳрвандони куҳансол шикоятҳои зиёд ворид мешаванд.

XS
SM
MD
LG