Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои арманиаш Эдвард Налбандян мулоқот мекунад.

Дар остонаи ин мулоқот фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пойтахти Арманистон зидди сафари вазири корҳои хориҷии Русия намоиши эътирозӣ барпо карданд.

Ширкатдорони ин намоиш аз майдони Озодии Ереван то сафорати Русия раҳпаймоӣ карданд ва дар назди сафорат бо пулис даргир шуданд.

​Эътирозгарон мегӯянд, Лавров барои ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ нақшаи сулҳи "зиддиарманӣ" овардааст. Эътирозгарон ҳамчунин талаб карданд, ки Русия фурӯши аслиҳа ба Озарбойҷонро қатъ кунад.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 21 апрел ба Ереван омад, то муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои ҳалли низои Қарабоғи Куҳиро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG