Пайвандҳои дастрасӣ

AI барои ихроҷи муҳоҷирон аз Русия интиқод кард


Созмони байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи Amnesty International (AI) Москваро дар "дароз кардани дасти кумак" ба шиканҷа дар Ӯзбекистон бо роҳи ихроҷи дастаҷамъии зодагони ин кишвар, айбдор мекунад.

Дар гузориши нави ин созмон гуфта мешавад, ки садҳо паноҳанда, гуреза ва муҳоҷирони меҳнатӣ ихроҷ ва ё маҷбуран ба Ӯзбекистон фиристода шудаанд, ки дар он ҷо мақомот онҳоро шиканҷа кардаанд. Созмон мегӯяд, мақомоти Русия сарфи назар аз хатари шиканҷа шудани ин афрод, бо Тошканд "ҳамкорӣ" карда, ин тоифаро ба Ӯзбекистон баргардониданд.

Дар гузориши AI зикр мешавад, ки дар ҳолатҳои хеле каме ки Русия дархости истирдодро рад карда буд, вале баъдтар афроди мавриди назарро хадамоти махсуси Ӯзбекистон аз Русия дуздида буданд. AI) мегӯяд, мақомоти Ӯзбекистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва гуруҳҳои исломӣ рақибони сиёсиашонро таъқиб мекунанд.

XS
SM
MD
LG