Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Конгресси Амрико ба Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳушдор доданд, ки дар талошҳояш барои кӯмак ба Эрон дар ивази тавофуқоти ҳастаӣ хеле дур рафтааст, то Эрон соҳиби даромади иқтисодӣ шавад.

Ин ҳушдор дар остонаи мулоқоти 22 апрели Ҷон Керрӣ бо Муҳаммад Ҷаввод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар Нию Йорк садо дод. Керрӣ гуфтааст, дар бораи нигарониҳои Эрон сӯҳбат мекунад, нигарониҳое, ки таҳримҳои боқимондаи Амрико роҳи кӯмакҳои иқтисодӣ ба Эронро бастааст.

Пол Раян-сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Конгресс гуфт: “Мо умедворем, ки ин паёми мо ба Ҷон Керрӣ ва ба Ҷавод Зариф расонда мешавад”. Аз ин изҳороти Пол Браян раҳбарони дигари Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дастгирӣ карданд.

XS
SM
MD
LG