Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳоро баррасӣ мекунад


Тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ дар Македония
Тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ дар Македония

Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ кардани таҳрим бар зидди раҳбарони Македонияро барои ваъдахилофӣ баррасӣ мекунад. Онҳо соли гузашта ба тавофуқ расида буданд, ки ба ришвахорӣ дар доираҳои раҳбарӣ расидагӣ мекунанд, вале баръакс онро афв намуданд.

Дар ин бора як расонаи хабарӣ 21 апрел гузориш додааст. Қарордоди моҳи июни соли гузашта бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо аз Македония хост, ки додситони вижа таин кунад, то ба ҷиноятҳое мисли тақаллуб дар интихобот, пинҳон доштани кушторҳо расидагӣ анҷом диҳад.

Ин ҷиноятҳо ба гуфтугӯҳои телефонӣ иртибот дорад, ки ҳизби аслии мухолифон онро ошкор кардааст. Гуфтугӯҳои бештар аз 20 ҳазор нафарро ҳукумат ғайриқонунӣ сабт кардааст.

Вале ҳафтаи гузашта Гиорге Иванов-раиси ҷумҳури Македония 56 нафари дастдошта дар ин моҷароҳоро афв кард. Ин рафтори вай як силсила тазоҳуроти эътирозиро таҳрик намуд ва эътирозгарон истеъфои вайро тақозо мекунанд.

Афв ва ваъдахилофии ҳукумати Македония сабаб шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо бар зидди баъзе сиёсатмадорони ин кишвар масъалаи манъи сафари онҳоро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG