Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври севум. Пирӯзии "Истиқлол" бар "Регар-ТадАЗ"


“Истиқлол”-и Душанбе дар сабқати Лигаи олии Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо бозӣ миёни тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шурӯъ шуд. Ин бозӣ, ки рӯзи 21 апрел дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барпо гардид, бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Истиқлол”- бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи панҷуми дидор ҳамлагари мизбонон Комрон Турсунов боз кард. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 49-ум Акмал Холматов, бозигари “Истиқлол”, ҳисобро баробар намуд. Баъди чаҳор дақиқа ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов голи дувуми “Истиқлол”-ро ба ҳадаф расонд. Вале дар дақиқаи 61-ум ҳимоятгари мизбонон Алишер Шарифов ҳисобро баробар кард. Голи севум ва ҳалкунандаро дар дақиқаи 66-ум Манучеҳр Ҷалилов зад.

Ба ин тартиб, “Истиқлол”, ки паиҳам се ғалаба ба даст овардааст, бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Ҳамакнун қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол» - бозии даври панҷуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016-ро рӯзи сешанбеи 26 апрел бо дастаи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун дар шаҳри Аммон анҷом медиҳад.

Бозиҳои дигари даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хайр»-и Ваҳдат - ССКА «Помир»-и Душанбе, рӯзи якшанбе «Ҳосилот»-и Фархор – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-и Душанбе – «Равшан»-и Кӯлоб рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Комрон Турсунов, 5 (1:0). Акмал Холматов, 49 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 53 (1:2). Алишер Шарифов, 61 (2:2). Манучеҳр Ҷалилов, 66 (2:3).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Дороб Эргашев, Алишер Шарифов, Бахтиёр Азимов, Акбар Бобомуродов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 76), Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев, Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов (Фаррух Чориев, 90), Азиз Бегов (Аскар Равшанов, 81).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Петро Ковалчук (Нозим Бобоҷонов, 46), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Акмал Холматов, 46), Парвизҷон Умарбоев, Нуриддин Давронов, Александр Каблаш, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Александр Каблаш, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

21 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 4000 тамошобин.

Бозиҳои дигари даври 3-юм

23 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«ХУҶАНД» – «ПАРВОЗ»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«ХАЙР» – ССКА «ПОМИР»

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

24 апрел (якшанбе)

«ҲОСИЛОТ» – «ВАХШ»

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

«БАРҚЧӢ» – «РАВШАН»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

11-5

9

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

2

0

0

3-1

6

3

«Хайр» (Ваҳдат)

2

1

1

0

4-0

4

4

«Ҳосилот» (Фархор)

2

1

1

0

4-2

4

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

0

2

4-5

3

6

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

2

1

0

1

1-4

3

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2

0

1

1

1-2

1

8

«Барқчӣ» (Душанбе)

2

0

1

1

4-6

1

9

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

0

0

2

1-3

0

10

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

0

2

0-6

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 4 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG