Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бахтиёр Лангариев - бародари Лангарӣ Лангариев, фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, сардори яке аз шӯъбаи Вазорати дифои Тоҷикистон таъин шудааст.

Бахтиёр Лангариев, бародари Лангарӣ Лангариев - фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ - сардори Шӯъбаи ташкилӣ ва сафарбарӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ баъд аз ҳафт соли бедарак буданаш моҳи сентябри соли гузашта ба кишвар баргашта чанд муддат бекор буд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, "таъини Бахтиёр Лангариев тақрибан ду моҳи пеш сурат гирифтааст".

Бахтиёр Лангариев соли 2008, дар пайи боздошту зиндонӣ шудани бародараш Сӯҳроб Лангариев Тоҷикистонро тарк карда буд. Бобои Салмон, падари Бахтиёр Лангариев, баъд аз ин ҳодиса расман эълон дошт, ки писараш Бахтиёр ҳеч кори бад накарда, танҳо ба берун рафтааст.

Полковник Лангариев дар гузашта ба ҳайси сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакили Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе кор мекард.

Ҳоло таъини ӯ ба мақоми сардори Шӯъбаи ташкилӣ ва сафарбарӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон дар ҳолест, ки то соли 2015 бародараш - Файзалӣ Лангариев - Раёсати ташкилӣ ва сафарбарӣ дар Вазорати дифоъро бар ӯҳда дошт. Рӯзи 26 феврали соли 2015 Файзалӣ Лангариев ба мақоми раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа (собиқ ДОСААФ) пешниҳод шуд ва ҳоло дар ин вазифа кор мекунад.

Ҷамила Лангариева, намояндаи дигари ин хонадон, муовини раиси ҳукумати шаҳри Душанбест. Ӯ соли гузашта дар ин мақом Руқия Қурбоноваро иваз кард. Ҷамила Лангариева то омаданаш ба шаҳрдории Душанбе ноиби раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба тарбия ва фарҳанг буд.

Лангариевҳо аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳастанд. Падари онҳо – Бобои Салмон, фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, 29 марти соли 2010 дар синни 84 аз олам даргузашт.

Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7 апрели соли 2009 писари хурдии ин хонадон - Сӯҳроб Лангариевро, ки домоди фармондеҳи аввали Фронти залқӣ - Сангак Сафаров низ ҳаст, ҳамроҳ бо 7 тан аз шариконаш бо ҷурми даст доштан дар мухолифати мусаллаҳона алайҳи давлат, қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум кард. 11 муттаҳами дигар дар иртикоби ин парванда аз 6 то 21 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Нурмуҳаммад Сафаров, фарзанди Сангак Сафаров, низ ҳамроҳ бо Сӯҳроб Лангариев ҳукми ҳабси абад гирифт.

Аъзои гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар поёни моҳи майи соли 2008 дар пайи як задухӯрди 15-соата бо нирӯҳои давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб дастгир шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG