Пайвандҳои дастрасӣ

Нигинаи 30-сола аз рашк худро оташ задааст


Нигина Маҳмадалиеваи 30-сола аз ноҳияи Фархор худро дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе оташ задааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса субҳи 21 апрел рух дода, сабабаш рашки Нигина ба ҳамзисташ Мансур Сафарзода будааст.

“Ӯ бо истифода аз сӯзишвории бензин дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дар наздикии ҷойи кори Мансур Сафарзода худро оташ задааст,” – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, “кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳодисаи мазкур огоҳ шуда, фавран ба ҷойи ҳодиса омада, дар якҷоягӣ бо шаҳрвандон Нигина Маҳмадалиеваро аз марг наҷот доданд.”

Ҳоло Нигина дар бемористони рақами 3-и Душанбе бистарӣ гардида, вазъи саломаташ мӯътадил арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG