Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Туркия ҳукми 275 нафарро нодуруст хонд


Додгоҳи олии Туркия ҳукми 275 нафарро, ки ба талош барои сарнагун кардани ҳукумат гунаҳкор дониста шудаанд, беэътибор кард. Додгоҳи шаҳри Анкара рӯзи 21-уми апрел қарор кард, ки ҳукм нисбати ин афрод нодуруст аст, зеро мавҷудияти шабакаи пинҳонии Эргенекон собит карда нашудааст. Ба гуфтаи додгоҳ, дар ҷараёни бозпурсиву ҷустӯҷу ва тафтиш ба камбудиҳо роҳ додаанд. Додгоҳи Туркия соли 2013 гурӯҳе аз афсарони баландрутбаи артиш, хабарнигорон, академикҳо ва вакилони дифоъро ба сарнагун кардани ҳукумати нахуствазири собиқ Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, ҳоло раиси ҷумҳури Туркия гунаҳкор донист. Баъзе аз ин афрод аз ҷумла Илкар Басбуг фармондеҳи собиқи артиши Туркияро ба зиндони якумрӣ маҳкум карданд. Муҳокимаи панҷсолаи ин гурӯҳ тарафдорони Ҳизби исломгарои адолат ва тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдӯғонро ба зидди низомиёни тарафдони низоми дунявӣ барангехт. Ҳукми нави додгоҳ мумкин аст, сабаби муҳокимаи дигарбораи муттаҳамон шавад.

XS
SM
MD
LG