Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров ба Арманистон рафт


Дар пайи авҷ гирифтан муноқиша байни ҷудоиталабони арманӣ ва нерӯҳои Озарбойҷон бар сари Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 21-уми апрел ба Арманистон сафар кард. Қарор аст, ӯ дар ҳамин рӯз бо раиси ҷумҳур Серж Саркиссиён ва Эдуард Наълбандиён, вазири умури хориҷии Арманистон гуфтӯгу кунад. Баъди созиши оташбаси рӯзи 5-уми апрел даргириҳои сахти чаҳоррӯза миёни ҷудоиталабони арманӣ ва нерӯҳои озарӣ дар Қаробоғ қатъ шуд, вале даргириҳои пароканда гоҳ-гоҳ сар мезананд. Мақомоти Қаробоғ гуфтанд, ки рӯзи 21-уми апрел яке аз сарбозонаш дар натиҷаи тирандозии сарбозони озарӣ кушта шуд. Баъди суқути шӯравӣ Арманистону Озарбойҷон сари вилояти умдатан арманинишини Кӯҳистони Қаробоғи Озарбойҷон кашмакаш доранд. Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ баъди суқути шӯравӣ худро мустақил эълон кард ва баъди ин байни Озарбойҷону Арманистон ҷанг шурӯъ шуд ва то соли 1994 идома кард. Дар ин ҷанг 30 ҳазор нафар кушта шуданд ва садҳо ҳазор нафар бехонаву дар монданд.

XS
SM
MD
LG