Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тоҷиксодиротбонк" гурӯҳи кормандонашро ба рухсатӣ фиристод


Яке аз намояндагиҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ

Яке аз намояндагиҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ

Бино ба итилои дарёфтӣ, "Тоҷиксодиротбонк" қисми зиёди кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст.

"Тоҷикисодиротбонк" яке аз чор бонкҳои бузурги Тоҷикистон, ки ахиран дучори мушкил шуда буд, аксари кулли кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст.

Дар идораи марказии ин бонк аз суҳбат бо “Озодӣ” дар ин маврид худдорӣ варзиданд. Аммо ҳадди ақалл панҷ корманди ин бонк ба “Озодӣ” гуфтанд, ки бонк кормандонро аз 1 апрели соли равон ба рухсатии бемузд фиристодаст.

Ҳамсуҳбатони мо, ки аз асли ин қазия огоҳӣ доранд, мегӯянд, яке аз шартҳое, ки созмонҳои байналмилалӣ барои раосндани ёрӣ дар назди “Тоҷиксодиротбонк” гузоштаанд, ин реструктуризатсия ва табдили сохтори бонк ва кам кардани хароҷоташ аст. Ихтисори бахши аъзами кормандон низ, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, аз талабҳои созмонҳои байналмилалист, ки гуфтаанд танҳо дар сурати гузарондани ислоҳот омодаанд барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” пул диҳанд.

Қаблан як ҳайати вижаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар як мулоқоташон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо масъулони “Тоҷиксодиротбонк” барномаи ислоҳоти ин бонкро мақбул дониста гуфта буданд, иҷрои ин барнома ба БАТР имкон медиҳад бо “Тоҷиксодиротбонк” ҳамкорӣ кунад.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки барои наҷоташ “Тоҷиксодиротбонк” ба чӣ миқдор пул эҳтиёҷ дорад?

Худи “Тоҷиксодиротбонк” аз нимаи дувуми соли 2015 ба ин тараф дар мавриди вазъи молии хеш дар торнамои расмиаш гузориш надодааст. Ҳарчанд мувофиқи муқаррароти Бонки миллӣ бонкҳои тиҷоратии кишвар муваззафанд баъд аз анҷоми ҳар сол дар мавриди вазъи молиявии хеш гузориш бидиҳанд, ки дастраси омма бошад.

Аммо бинобар арзёбии коршинос Саймиддин Дӯстов барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” ҳудуди 1,8 - 2,2 миллиард сомонӣ зарур аст.

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Вай гуфт: “Бо таъкид бар он ки назари мо коршиносона ва субъективӣ аст, барои солимгардонии “Тоҷиксодиротбонк” се роҳ мавҷуд аст ва дуи онҳо иродаи ҳукумати кишварро мехоҳанд.

Роҳи якум. Ҷалби сармоягузори стратегӣ аст, ки метавонад бар ивази 50 фисад ва зиёда аз он саҳмия дар ин сохтор маблағгузорӣ кунад. Ҳамчун сармоягузор соҳибкорону сохторҳои Русияву Қазоқистон ва Чин пайдо шуда метавонистанд, аммо бо назардошти он ки барои наҷоти бонк ҳудуди 1,8-2,2 миллиард сомонӣ лозим мешаваду имиҷи менеҷменти бонк хуб нест, ба гумони ғолиб ҳамчунин сармоягузорони хусусӣ пайдо нахоҳанд шуд.

Роҳи дуюм. Ҷалби сармоягузори стратегӣ аз шумули созмонҳои молии байнулмилалӣ аст. Аммо онҳо шартҳои вазнин пеш хоҳанд овард. Ҳарчанд худи бонк бар хилофи қонунгузорӣ аз моҳи июни соли 2015 ҳисоботи молияшро рӯи чоп наовардаасту БМТ низ аз ин мавзеъгирӣ ба хотири барпо накардани шӯру валвала миёни мизоҷони бонк пуштибонӣ мекунад, ташкилоти молии назири Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии асъор,Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хуб медонанд, ки дар “Тоҷиксодиротбонк” маблағҳои Вазорати молия, Дирексияи сохтмонҳои Дастгоҳи иҷроияи президент, Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳудуди 1 миллиард сомонӣ ё 128-130 миллион доллари ИМА дармондаанд. Ҳамчунин дар ин бонк беш аз 1,5 - 1,7 миллиард сомонӣ пасандозу амонатҳои мардуми Тоҷикистон аст. Ин амонатҳо тақрибан ба 20-22 ҳазор мизоҷи бонк тааллуқ доранд. Дар миёни ин мизоҷон 25-30

нафар миллионерҳои пинҳонӣ аз шумули соҳибмансабон низ ҳастанд, ки пулҳои худро аз раисиҷумҳур дар ин бонк пинҳон мекарданд. Ин бонки калидӣ дар низоми бонкии кишвар инчунин аз се бонки Русия ҳудуди 15 миллион доллар қарздор аст. Яъне сухан тақрибан аз 335-350 миллион доллар уҳдадориву қарзҳо меравад, агар зиёдтар набошад. Кулли моликияти ин бонк ва ҳамин гуруҳи молӣ-саноатӣ ҳудуди 100-120 миллион доллари ИМА арзиш дорад ва асосан “неликвид” аст, харидор надорад. Аммо барои наҷоти бонк ҳудуди 200-210 миллион доллар зарур аст. Бе назардошти реструктизатсияи қарзҳо, албатта. Ин ҳамаро дониста, созмонҳои молӣ шарти менеҷменти навро хоҳанд гузошт, ки раёсати бонк ба он розӣ намешавад.

Роҳи сеюм. Сонатсияи бонк бо ризояти Бонки миллӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷалби мустақим ё ғайримустақими маблағҳои буҷетӣ, яъне пули мову Шумо аст. Дар ҳоли ҳозир, аз буҷети кишвар ихтисос додани ин миқдор маблағ барои “Тоҷиксодиротбонк” имкон надорад ва раисиҷумҳур низ ба ин кор розӣ нахоҳад шуд. Аммо агар роҳи дувум кор надиҳад, раёсати БМТ тадриҷан роҳбари давлатро розӣ мекунонад, то ин бонкро ягон бонк ё ҷамъи бонкҳои “худӣ” “фурӯ баранд”.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҷамъи сармояҳояш ба беш аз 5 миллиарду 57 миллион доллар мерасад. Бино ба иттилои масъулонаш, “Тоҷиксодиротбонк”, аз 21 то 27 дарсади бозори бонкии кишварро зери даст дошта, беш аз 3 ҳазору 300 коргар дорад.

Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода

Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ин бонк пардохтпазириашро аз даст дод ва шумораи муштариёнаш дар паси бинои асосии бонк, ки барои гирифтани пасандозҳо ва ё маошашон омада буданд, рӯз ба рӯ меафзуд. Аввали моҳи март лимити гирифтани пулро аз бонкоматҳо дар як рӯз “Тоҷиксодиротбонк” то 200 сомонӣ поин бурд. Аммо баъдан бонк эълон кард, ки аз 10 то 25­ март аз як низоми пардохт ба дигар мегузарад ва пул гирифтан аз кортҳои бонкиаш имконнопазир хоҳад буд.

​Тоҷиддин Пирзода, роҳбари ин бонк дар яке аз сӯҳбатҳояш бо оҷонси давлатии хабарии “Ховар” муфлисшавии онро "овозаи бардурӯғи як гурӯҳи манфиатдор хонд."

Моликони аслии “Тоҷиксодиротбонк” се ширкат - ҶСК “Евразия”, “Мелодиён “ ва “Эҳсон” мебошанд, ки аввалӣ беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонк ва дуи дигар дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати “Евразия” Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нурруллоев ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG