Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилсӯзиву кӯмак муҳоҷирро наҷот дод


Олимҷон Кабирзода, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки ошёнаи чаҳорум сарозер шудааст.

Олимҷон Кабирзода, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки ошёнаи чаҳорум сарозер шудааст.

Як муҳоҷири 20-солаи тоҷик, ки 18-рӯз қабл аз табақаи панҷуми як сохтмон дар Краснодар сарозер шуд ва захмҳои сангин бардошт, бо кӯмаки ҷамъиятҳои тоҷикон, табобат мешавад.

Рӯзи 4-уми апрел дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Геленҷики кишвари Краснодар шаҳрванди Тоҷикистон Олимҷон Кабирзодаи 20-сола ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз табақаи чаҳорум сохтмон сарозер шуд ва ҷароҳати вазнин бардошт. Бар асари ин ҳодиса гардан ва сутунмӯҳраи вай шикаст ва вайро бояд дар бемористонҳои дорои таҷҳизоти пешрафта ва муосир ҷарроҳӣ мекарданд. Вазъияти вай ба гунае буд, ки ҳатто аз Геленҷик ба шаҳри Краснодар бо мошини ёрии таъҷилӣ интиқол додан хатарнок буд. Аз тарафи дигар, барои амалиёти Олимҷон 300 ҳазор рубли русӣ зарур буд.

Нағзибек Нағзибеков, консули ифтихории Тоҷикистон дар Краснодар мегӯяд, сафорати Тоҷикистон ба онҳо ва ба мақомоти муҳоҷиратии минтақаи Краснодар, ба вижа ба вазири тандурустии минтақа барои ёрӣ муроҷиат кард, то барои интиқоли ин бемор як чархболи санитарӣ диҳанд.

Ҳоҷимурод Кабирзода, падари Олимҷон ҳам ҳамон рӯзҳо аз шаҳри Ваҳдат ба Краснодар омада буд, то писараш дар чунин лаҳзаҳо танҳо набошад. Нағзибеков мегӯяд, «падари Олимҷон аз Душанбе омад ва ба мо муроҷиат кард, ки ҳамин гуна ҳодиса рух додааст. Мо ҷамъиятҳои тоҷиконро ҷамъ кардем ва масъаларо ба онҳо гуфтем. Зуд чархболи санитарӣ фармоиш додем ва чархбол беморро аз шаҳри Геленҷик ба шаҳри Краснодар овард.»

Албатта, дар муқоиса бо рӯйдодҳои ҷиддитару мудҳиши фоҷеаборе, ки дар Русия бар сари муҳоҷирони тоҷик меояд, кӯмаки пулӣ ба як муҳоҷири осебдидаи тоҷик, корнамоии чандон бузурге нест. Вале чунин кӯмаки фаврӣ намунаи хуби дастгирии якдигар дар ҳолатҳои зарурӣ ва намунаи сарҷамъии ҷамъиятҳои тоҷикон дар қаламрави Русия ва намунаи хуби ҳамкории онҳо бо намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия аст.

Дар чунин ҳолатҳо, на дар ҳар минтақаи Русия сари вақт метавонанд, ба ёрии муҳоҷирони осебдида бирасанд. Вале ин бор дар Краснодар дар муддати кӯтоҳ муҳоҷирон бо сарпарастии ҷамъиятҳои худ 300 ҳазор рублро барои ҷарроҳии Олим оғоз намуданд. Ҳамзамон ҷамъиятҳои тоҷикон бо бемористони марказии ин шаҳр тамос гирифтанд ва то овардани бемор, ба ҷамъоварии маблағи зарурӣ машғул буданд.

Бахтиёр Ширинов, раҳбари ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик бо номи «Сомониён» дар шаҳри Краснодар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик дар ин кор бидуни таъхир ҳамдиливу хайрхоҳӣ нишон доданд: «Барои муолиҷаи бемор маблағи муайян зарур буд. Азбаски вай бимаи тиббӣ надошт, вайро танҳо бо пардохти маблағи нақд бояд дар бемористон ҷарроҳӣ мекарданд. Ба ҳамин хотир, муҳоҷирони мо ҷамъ шуданд ва бидуни дудилагӣ саҳми худро гузоштанд ва ҳоло Олимҷон ҷарроҳиаш хуб гузаштааст.»

Ҳоҷимурод Кабирзода, падари Олимҷон, ки аз ноҳияи Ваҳдат ба назди фарзандаш омадааст, шабу рӯз дар канори ӯст. Вай мегӯяд, писараш дар шаҳри Геленҷик баъд аз афтодан амалиёти аввалинро паси сар кардааст. Табибон талхаашро гирифта партофтаанд. 13 апрел вай бо чархбол ба бемористони марказии шаҳри Краснодар интиқол ёфт ва рӯзи баъд, 14-уми апрел ҷарроҳии дуввум ва мушкилтар, яъне ҷарроҳии сутунмӯҳра ва гарданро анҷом доданд.

Вай, ки рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки ҳоло табибон ба писараш иҷозаи сӯҳбат намедиҳанд, вале вазъашро хуб арзёбӣ мекунанд: «Ду бор ҷарроҳӣ карданд. Як бор дар Геленҷик талхаашро гирифта партофтаанд ва дар ин ҷо, ҷои шикастагии гарданашро ҷарроҳӣ карданд. Ҳамин хел хоб аст....Аз ошёнаи чорум пояш канда мешавад, аз ҳамон ҷо ба замин мезанад ва аз ҳуш меравад. Ҳамроҳонаш мегиранду беморхона мебаранд.»

Табибон гуфтаанд, ки Олимҷон бояд чаҳор ё панҷ моҳи дигар муолиҷа бигирад ва зери назари табибон бошад. Ҳоҷимурод мехоҳад, ки табобати писарашро дар Русия идома диҳад, вале барои чунин табобат пули кофӣ надорад. Вай бо муҳоҷирони минтақаи Краснодар сипосгузорӣ мекунад: «Ҳамаи ёрдам аз тарафи ҳамин муҳоҷирон шуда истодааст. Дигар ба ман кӣ ёрдам мекунад. Онҳо маро дастгирӣ карданд. Ҳазорон бор аз онҳо миннатдорем».

Падари Олим умедвор аст, ки дар шаҳри Душанбе муолиҷаи писарашро зери назари табибон идома медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG