Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Обама бо намояндагони Шӯрои Халиҷ


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико имрӯз бо мақомоти баландпояи кишварҳои узви Шӯрои Ҳамкории Халиҷ, иборат аз 6 кишвари арабӣ дар бораи масоили амниятӣ гуфтӯгу мекунад. Ба ин шӯро Баҳрайн, Кувайт, Қатар, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шомиланд. Барак Обама аз ин пештар дар рӯзи 21-уми апрел бо Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон дар шаҳри Риёз гуфтугӯ дошт. Ҳукумати Амрико гуфтааст, ки ду бахши гуфтӯгуҳо дар бораи шеваҳои тақвияти амнияти минтақавӣ ва талошҳо барои мубориза бо терроризм ва аз ҷумла ҷанг бо Ал-Қоида ва гурӯҳи Давлати исломӣ мешавад. Бахши севвуми гуфтугӯҳо дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст, чун Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари Халиҷи Форс, онро як рақибе мешуморанд, ки минтақаро ноамн мекунад.

XS
SM
MD
LG