Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нагузоштанд, Фасонаро ба Бузургмеҳр нишон диҳам"


Зарина Набиева, ҳамсари вакили боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров, мегӯяд, ки як ҳафта боз наметавонад барои дидорбинӣ бо шавҳараш ба боздоштгоҳ дарояд. Ӯ рӯзи 21 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳарчанд Додгоҳи шаҳри Душанбе санади расмии ин мулоқотро додааст, аммо Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо баҳонаи “имрӯзу пагоҳ” иҷозаи вуруд намедиҳад.

"Ҳадаф аз ин мулоқот чизе нест. Танҳо мехоҳам, тифли навзодам Фасонаро ба шавҳарам нишон бидиҳам," - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, навбатдори Раёсати ислоҳии Вазорати адлия ба Озодӣ гуфт, азбаски Зарина Набиева бо ҳамсараш ақди никоҳи расмӣ (ЗАГС) надорад, барои ҳамин иҷозаи мулоқот дар боздоштгоҳ дода нашудааст. Ӯ гуфт, вақте шиноснома пешниҳод карда мешавад, ҳатман масъалаи ЗАГС низ ба назар гирифта мешавад.

Аммо Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров, мегӯяд бо шавҳараш ақди никоҳи расмӣ дошта, қонунӣ зиндагӣ мекарданд. Бузургмеҳр Ёров соли гузашта боздошт ва барои тақаллубкорӣ муттаҳам шуд. Ӯ вақтҳои охир аз ҳаққи боздоштшудаҳои ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард.

XS
SM
MD
LG