Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB дар бораи озодии матбуот дар Узбакистон


Дар гузориши солонаи Созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" (RWB) Узбакистон дар ростои вазъияти озодии матбуот дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар зинаи 166 ҷой гирифтааст.

Йохан Бир, раиси Бюрои ин созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, вазъи озодии матбуот дар Узбакистон ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Ҷаноб Бир гуфт: "Охирин хабарнигори мустақил Узбакистонро тарк кард. Фаъолияти нашрияи мустақиле, ки вазъи Узбакистонро воқеъбинона инъикос мекард, қатъ гардид. Ҳукумат барои таҳти назорат гирифтани Интернет талош карда ва ҳоло 10 хабарнигор дар маҳбасҳои Узбакистон зиндонӣ ҳастанд".

Дар гузориши созмони "Гузоришгарони бидуни марз"вазъи озодии матбуот дар Қирғизистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин арзёбӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG