Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷозаи сафарҳои кӯтоҳи бидуни раводид ба Украина


Димитрис Аврамополос

Димитрис Аврамополос

Иттиҳодияи Аврупо барои шаҳрвандони Украина сафари бидуни раводид ё визоро пешниҳод кардааст. 20 апрел Димитрис Аврамополос -кумиссари Аврупо дар умури дохилӣ гуфт, “мо имрӯз ба уҳдадориҳои худ садоқат нишон медиҳем ва барои шаҳрвандони Украина сафарҳои кӯтоҳмуддати бидуни раводидро бо шиносномаҳои биометрӣ пешниҳод мекунем”.

Вай гуфт, “мо бояд муттаҳид бошем ва дар канори ҳамсоягони худ биистем”. Ба гуфтаи вай сафарҳои бидуни раводид дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд.

Ин тасмим дар ҳоле эълон мешавад, ки дар аввали ин моҳ Ҳолланд бар зидди қарордоди ҳамкориҳои миёни Украина ва Иттиҳодияи Аврупо рай дод ва Киев ҳарос дошт, ки мумкин аст сафарҳои кӯтоҳмуддати шаҳрвандони Украина ба кишварҳои ин иттиҳодия иҷоза дода нашавад.

XS
SM
MD
LG