Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Имрӯз, 20 апрел, мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон имрӯз, 20 апрел, бо се бозӣ оғоз ёфт.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи имсола 13 даста барои медалҳо мубориза мебарад. Инҳо дастаҳои «Исфара» (Исфара), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Ҳулбук» (Восеъ), «Канд» (Конибодом), «Локомотив» (Душанбе),«Коммуна» (Фархор), «Помир» (Душанбе), «Парвин» (Бохтар), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Зарафшон» (Панҷакент), «Саройкамар» (Панҷ), «Чашма» (Шаҳритус) ва «Панҷшер» (Румӣ) мебошанд.

Дар даври аввали мусобиқа бар асоси қуръакашӣ имрӯз дастаҳои «Кӯктош» – «Панҷшер», «Ҳулбук» – «Чашма» ва «Локомотив» – «Зарафшон» бо ҳам рақобат мекунанд.

Даври аввали мусобиқа рӯзи панҷшанбеи 21 апрел бо се бозӣ миёни дастаҳои «Канд» – «Саройкамар», «Коммуна» – «Ваҳдат» ва «Помир» – «Парвин» ба анҷом мерасад.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум.

20 апрел (чоршанбе)

«Кӯктош» – «Панҷшер»

«Ҳулбук» – «Чашма»

«Локомотив» – «Зарафшон»

21 апрел (панҷшанбе)

«Канд» – «Саройкамар»

«Коммуна» – «Ваҳдат»

«Помир» – «Парвин»

Ёдовар мешавем, мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон соли гузашта бо пирӯзии дастаи “Ҳосилот”-и Фархор хотима ёфта буд. “Ҳосилот” феълан дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ширкат дорад.

Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд порсол дар мусобиқаи лигаи аввал медалҳои нуқраро аз они худ кардааст. Медалҳои биринҷии мусобиқаи порсола насиби дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ гардида буд.

XS
SM
MD
LG