Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабакаҳои телевизионии Амрико гузориш додаанд, ки Доналд Трамп-номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи муқаддамотии Нию Йорк пируз шудааст ва барои номзад шудан аз ин ҳизб ба марра наздиктар шудааст.

Ин миллиардер дар аёлати худ ба пирузии мутлақ зарурат дошт, то барои ба даст овардани райи 1237 намоянда ноил шавад ва дар тобистони соли ҷорӣ аз ин ҳизб ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико номзад пешбарӣ гардад.

Трамп метавонист райи ҳамаи 95 намояндаро ба даст орад ва дар он сурат маҷмӯи орои ба даст овардааш ба бештар аз 50 дарсад мерасид. Вале то ҳол 756 намоянда изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар интихоботҳои аёлатӣ ба вай рай медиҳанд. Дар чунин ҳолат вай ҳанӯз ҳам аз пешбарӣ шудан ба номзади ягона дур аст.

Ҳилларӣ Клинтон-номзади пешсафи Ҳизби Демократ ҳам дар бораи пирузии чашмгираш дар Нию Йорк сӯҳбат кардааст. Рақиби вай Бернӣ Сандерс аз 8 интихоботи ахир дар ҳафтои он ғалаба кардааст, вале дар маҷмуъ аз рақиби ҳизбии худ Ҳилларӣ Клинтонақиб аст.

XS
SM
MD
LG