Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рафтори" ҳавопаймоҳо дар баҳси НАТО ва Маскав


Ҷенс Столтенберг
Ҷенс Столтенберг

20 апрел дар ҷаласаи Шӯрои Русия-НАТО ду ҳолати рухдода дар баҳри Балтика баррасӣ мешаванд. Ин ҳодисаҳо ба гардиши ҳавопаймоҳои низомии русӣ дар атрофи киштии низомии амрикоии “Доналд Кук” иртибот доранд.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки иттиҳоди низомии ғарбӣ ва Маскав “рафтори” ҳавопаймоҳои русӣ, ки дар наздикии ҳавопаймои ҷосусии амрикоӣ ва киштии низомии амрикоӣ парвозҳои хатарнок анҷом додаанд, баррасӣ мекунанд. Вашингтон парвози ҳавопаймоҳои русӣ дар атрофи киштии низомии “Доналд Кук” дар ҳафтаи гузашта дар фазои байналмилалиро “бемантиқ ва таҳдидкунанда” унвон кард.

“Рафтори ғайрикасбӣ ва хатарноки ҳавопаймоҳои русӣ...ба зарурати вуҷуди шабакаҳои бози алоқаи низомӣ ва кам кардани хатарот таъкид мекунанд”, - гуфт 19-уми апрел Столтенберг дар Люксемберг.

Мулоқоти сафирҳо дар Брюссел нахустин машварат дар ин сатҳ хоҳад шуд. Зеро дар моҳи апрели соли 2014 НАТО тамоми ҳамкориҳо бо Москваро баъд аз ғасби нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия қатъ карда буд. Столтенберг гуфт, ки ҳар ду ҷониб масъалаи Афғонистон ва “бӯҳрон дар Украина ва атрофи онро” баррасӣ мекунанд. Зеро дар пайи амалиётҳои низомии миёни Киев ва ҷудоихоҳони аз сӯи Русия ҳимоятшаванда аз моҳи апрели соли 2014 дар ин ҷо беш аз 9 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG