Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон нақби зеризаминие пайдо гардид, ки аз манзили як сокини вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ибтидо мегирад. Дар ин бора ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба иттилои ин ниҳод, вуруд ба нақб аз манзиле дар деҳаи Қирғиз-Киштаки ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон ошкор гардидааст. Чуқурии нақб 7-8 метр ва дарозиаш 110 метр будааст.

Намояндагони Кумитаи ҳифзи марзии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон мегӯянд, аз ин нақб қочоқбарон истифода мебурдаанд.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки марзбонони ӯзбек 17 марти соли ҷорӣ як нақби зеризаминӣ ошкор кардаанд. Он замон гуфта мешуд, ин нақб аз манзили як сокини деҳаи Борбалиқи Ӯзбекистон ба манзили сокини деҳаи Қирғиз-Киштаки ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон пайваст шудааст.

XS
SM
MD
LG