Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафт дар музокироти Амрикову Эрон


.
.

Дипломатҳои Амрикову Эрон мегӯянд, ки тавофуқоти таърихии соли гузашта роҷеъ ба маҳдудияти барномаҳои ҳастии Эрон ба “комёбӣ” ноил шудааст ва ба Теҳрон даромади иқтисодӣ медиҳад.

19 апрел Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико баъд аз мулоқоташ бо Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар Нию Йорк гуфт, “мо имрӯз рӯи чанд масъалаи калидӣ кор кардем ва ба пешрафт ноил шудем”.

Вай афзуд, “Мо ҳар ду саъй мекунем, бовар ҳосил шавад, ки тавофуқоти ҳастаӣ ба гунае иҷро гардад, ки ҳамаи тарафҳои ин тавофуқот аз он баҳра бардоранд, он тавре ки пешбинӣ шуда буд”.

Ҷон Керрӣ гуфт, ҳар ду ҷониб бори дигар 22 апрел дар ҳошияи маросими имзои мувофиқатномаи СММ роҷеъ ба иқлим дар Порис баррасиҳои худро идома медиҳанд.

Ҷон Керрӣ 18 апрел бори аввал ошкор кард, ки Эрон 3 миллиард доллар аз дороиҳои таҳримшудаи худ то ҳол “аз нӯги хамир фатир” гирифтааст. Вазорати корҳои хориҷаи Эрон тахмин мезанад, ки Эрон бояд бештар аз 55 миллиард доллар бигирад.

Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон баъд аз дидори 19 апрел гуфт, онҳо масъалаҳоеро баррасӣ кардаанд, ки Эрон бояд даромади пешбинишударо дар сурати иҷрои тавофуқот ба даст орад.

XS
SM
MD
LG