Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз кишварҳои Қафқоз боздид мекунад


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири кулии СММ рӯзҳои 23-25 апрел аз Арманистону Озарбойҷон ва Гурҷистон боздид мекунад. Боздиди Бан Ки Мун аз Тифлис бо даъвати Георгий Квирикашвилӣ-нахуствазири Гурҷистон сурат мегирад ва ин аввалин боздиди расмии вай аз ин кишвар мебошад.

Вай ба нақша гирифтааст, ки дар Тифлис бо намояндагони порламон ва ожонсиҳои иҷроӣ дидор ва гуфтугӯ мекунад. Дабири кулли СММ аз Тифлис ба Арманистон меравад ва сипас боздидашро аз Озарбойҷон идома медиҳад.

Муноқишаи ин ду кишвари ҳаммарз барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ идома дорад. Ин минтақаи ҷудоихоҳ аслан арманинишин аст, вале дар дохили қаламрави Озарбойҷон ҷой гирифтааст.

Баъд аз чаҳор рӯзи даргириҳои шадиди миёни ҷудоихоҳони Қарабоғ ва нируҳои Озарбойҷон 5 апрел оташбас барқарор шуд, вале то ҳол садои тирандозиҳои алоҳида ба гӯш мерасад.

Қарабоғи ҷудоихоҳ мегӯяд, ки 19 апрел дар тирандозии нируҳои Озарбойҷон як сарбози онҳо кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG