Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як духтари мактабхон дар Рӯдакӣ гум шудааст


Саида Давлатоваи 13-сола, талабаи синфи 7, мактаби рақами 172- и деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рудакӣ субҳи рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ дар роҳ то ба мактаб нопадид шудааст ва аз ҷониби мақомоти умури дохилаи ноҳия ва наздиконаш мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Мустафо Давлатов, сокини деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рудакӣ 20 апрел ба Озодӣ гуфт, хоҳараш Саида саҳарии рӯзи чоршанбеи гузашта дар вақти ба мактаб рафтан гум шудааст ва то ҳол аз вай дараке нест.

Вай гуфт, саломатии Саида хуб буда ва ҳеҷ гуна бемории равонӣ надоштааст. Дар роҳ ба мактаб фақат як нафар ӯро дидааст,ки дар дасташ ба ғайр аз сумкаи мактабӣ боз як халта либос дар дасташ будааст.

Дар ҳамин ҳол, навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ ба Озодӣ гуфт, пулиси ноҳия ҳодисаи нопадид шудани Саида Давлатоваро таҳқиқ доранд. То кунун танҳо бо як нафаре, ки ӯро дар вақти ба дарс рафтан дидааст, суҳбат кардаанд ва маълумоти бештар надоранд. Ҳоло акси Саида дар бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ ва биноҳои маркази ноҳияи Рӯдакӣ часпондаанд ва аз сокинон барои пайдо кардани ӯ дархости кумак кардаанд. Хоҳиш шудааст, дар сурати пайдо шудани маълумот ба ин шумора тамос гиранд: 918 36 50 50

XS
SM
MD
LG