Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷикро дар Волгоград зинда ба зинда гӯрондаанд


Як муҳоҷири тоҷикро дар рӯзи таҷлили 22-солагияш дар Волгоград соҳиби хона ва ҳамсояҳо зинда ба зинда зери хок кардаанд. То ҳол ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон ошкор нашудааст.

Як муҳоҷири 22-солаи тоҷикро дар шаҳри Волгогради Русия зинда ба зинда гӯрондаанд. Расонаҳои ин минтақаи Русия бо такя ба қавли пулис гуфтаанд, ҳодиса ҳафтае пештар ҳангоми таҷлил аз ҷашни таваллуди ин муҳоҷири тоҷик дар манзили соҳибхонааш рух додааст. Аммо ин хабар танҳо баъд аз зӯҳри 19 апрел ба расонаҳо роҳ ёфт.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 20 апрел дар посух ба суоли Озодӣ гуфт, онҳо дар бораи ин қазия аз матбуот огоҳ шуда, барои дарёфти иттилои дақиқ ба Кумитаи тафтишотии Волгоград дархости расмӣ фиристодаанд. Ӯ гуфт, то ҳол барои онҳо рӯшан шудааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон Файзалиев Усмоналӣ Гулмуродович ​зодаи шаҳри Ваҳдат будааст.

"Фардо ташхиси тиббиву додгоҳӣ мушаххас хоҳад кард, ки ӯ аз зарби ба ҳалокат расидааст, ё ҳангоми зинда зери хок кардан," - гуфт ӯ.

Кумитаи тафтишотии Русия дар Волгоград низ бо нашри иттилои расмӣ гуфтааст, ки ҳангоми корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар таҳхонаи сокини Волгоград нишонаҳои хун, чоҳи навкандашуда ва ҷасади ҷавони тоҷикро ошкор кардаанд.

Ба иттилои расонаҳои Русия, то кунун дар бораи ин ҳодиса муҳоҷири дигари тоҷик, ки аз ӯ низ ном бурда намешавад, шоҳидӣ додааст. Бино ба шоҳидии муҳоҷири дувум, соҳибхона бо ҳамсояҳояш шаҳрванди Тоҷикистонро ба таҳхона бурда, маҷбур кардаанд, то барояш қабр биканад ва баъдан ӯро зинда ба зинда зери хок кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотию бозрасӣ идома дорад.

Ахиран дар минтақаҳои гуногуни Русия мавридҳои ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон рӯ ба афзоиш овардааст. Шаби 13 ба 14 апрели соли ҷорӣ як фарди номаълум дар ноҳияи Адмиралтейскийи шаҳри Санкт-Петербург ба як муҳоҷири тоҷик бо корд ҳамла карда, ба қисмати синааш зарба зад. Ба қавли манобеи пулиси Санкт-Петербург, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористони Маринский ҷарроҳӣ шуда, ҳанӯз бистарист.

Пулиси Санкт-Петербург гуфтааст, нисбат ба ин ҳодиса бо айбномаи "амали барқасдонаи расондани зарари ҷиддӣ ба саломатӣ", парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аз ин пештар, шоми 8 апрел, Сергей Тсарев - марди 58-солаи рус дар истгоҳи Калужскаяи метрои шаҳри Маскав ба Сулаймон Саидов, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ҳамла карда, ба сару бадани ӯ тир холӣ кардааст. Сулаймон баъд аз ин ҳодиса ба бахши эҳёгарии Бемористони клиникии рақами 1-и Маскав интиқол ёфта, айни ҳол дар бахши умумии ин бемористон бистарист.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи душанбеи 11 апрел бо ирсоли ёддошт аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хост, ки қазияи тирпаронӣ ба сӯи муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов мунсифона баррасӣ шавад. Масъулони Cафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, ки раванди тафтиши парвандаи ҳамла ба Сулаймон Саидов дар метрои шаҳри Маскавро зери назорат доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар мавриди ҳамлаҳои такрор ба такрор дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва иллатҳои ин амалҳо, баҳсҳое ба миён омадааст. Бахши умдаи корбарон иллати афзоиши ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русияро ба боло рафтани ангезаҳои миллатгароӣ ва инсонбадбинӣ рабт додаанд.

XS
SM
MD
LG