Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба сокинони ҷамоати Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба бозсозии садди обанбор, ки аз ин ҷо ба деҳаҳо сел ҷорӣ шудааст, иҷоза надодаанд.

Масъулони ниҳодҳои давлатӣ аз тармиму бозсозии садди обанбори Поёноби Шӯрчасой, ки боис ба ҷорӣ шудани сел ва хароб шудани манзилу хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоати Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шуда буд, ҷилавгирӣ кардаанд.

Сокинони ин ҷамоат рӯзи сешанбеи 19 апрел ба Озодӣ гуфтаанд, пас аз барқарор шудани садди обанбор об ба самти роҳи оҳани нави Душанбе-Ёвон ҷорӣ шуда ва бархе аз қисматҳои роҳи навбунёд осеб дидааст.

Обанбори Поёноби Шӯрчасой дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар теппаҳо бунёд шуда ва аз оби он умдатан барои обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода мешуд. Ҷамоати Арал бошад дар қисмати поёни ин обанбор воқеъ буда ва ҳамеша бо хатари ҷорӣ шудани сел рӯбарӯ будааст.

Олимхон Ҳамроев, раиси маҳаллаи Баҳористони ҷамоати Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Озодӣ гуфт, дар замони шӯравии собиқ тавассути каналчаҳои бетонпӯш аз имкони ҷорӣ шудани сел аз обанбор пешгирӣ мешуд, аммо ҳоло ин каналчаҳо комилан хароб шуда ва барои тармиму бозсозии онҳо маблағи зиёде лозим аст.

Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи ӯ, сокинон роҳи камхарҷи бозсозии садди обанбор ва бастани пеши роҳи обро интихоб кардаанд. Вале ниҳодҳои давлатӣ ба ин иқдоми онҳо монеъ шудаанд.

Ҷаноби Ҳамроев гуфт, дар соли гузашта аз обанбор ду маротиба сел ҷорӣ шуда, манзилу заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоати Аралро хароб карда буд.

Дар соли ҷорӣ низ ин ҳодиса такрор шудааст. Масалан, соати 2-и шаби 18 апрел сел ба деҳа сарозер шуда ва бештар заминҳои кишти хонаводаҳоро вайрон кард.

Сокинони деҳаи Баҳористони ҷамоати Арал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки наздики 100 хона аз оби сел пур шудааст ва заминҳои кишти картошкаю пиёз ва гандум зарар дидааст. Ин сокинон мегӯяд, ки ҳарчанд соли гузашта низ обхезӣ ва омадани сел ба деҳаи онҳо таҳдид мекард, вале мақомот барои бартараф кардани он, ки иборат аз тоза кардани каналҳо буд, коре анҷом надоданд ва дар ниҳоят дар пайи боришоти ду рӯзи ахир, сел аз маҷрои худ берун шуд ва ба мардум зарар расонд.

Гуфта мешавад, дар миёни хоҷагиҳои кишоварзии аз сел осебдида хоҷагии "Баракат" низ будааст, ки ба Муродалии Алимардон, раиси "Агроинвестбонк" ва собиқи муовини нахуствазир тааллуқ доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG