Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дастур дод, ки ба куҳансарбозони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ 800 ҳазор сӯмӣ (қариб 280 доллари ИМА) тақдим карда шавад, менависад хабаргузории Regnum.

"Дар робита ба ҷашни умумихалқии 9-уми май - Рӯзи гиромидошту қадршиносӣ ва ҳамчунин таҷлили 71-мин солгарди Пирӯзӣ ба фашизм дар Ҷанги дувуми ҷаҳонии солҳои 1941−1945 ба манзури тақдири молии ширкаткунандаҳо ва маъюбони ҷанг кӯмакпулии якдаъфина дар ҳаҷми 800 ҳазор сӯм муқаррар карда шавад", - омадааст дар фармони раҳбари кишвар.

Ин маблағ аз буҷаи давлат пардохта мешаванд. Президент ба бархе аз вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатӣ дастур дод, ки тақдими кӯмакпулиҳо дар маросимҳои расмӣ ва идона сурат гирад.

Ҳамчунин Каримов ба раҳбарони минтақаҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ супориш дод, ки "ба хотири қадршиносии ҳимоятгарони озодӣ ва эътибори Ватан нишастҳои фарҳангиву маърифатӣ"-и махсус баргузор кунанд.

Ҳоло дар Ӯзбекистон 3109 ветерани Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва 70 000 собиқадори ҷабҳаи меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG