Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ҷонишини Матаев эълон шуд


Раиси созмони ҳимояи ҳуқуқи "Адил соз" Тамара Калеева иҷрокунандаи муввақатии вазифаи раиси мудирияти Иттифоқи хабарнигорони Қазоқистон шуд, менависад хабаргузории КазТАГ.

Раиси феълии Иттифоқи хабарнигорони Қазоқистон Сейтқазӣ Матаев бо гумони дуздии маблағҳои буҷаӣ ва сарпечӣ аз пардохти андоз дар ҳабси хонагист.

Масъалаи интихоби Калеева ба вазифаи иҷрокунандаи муввақатии раиси Иттифоқи хабарнигорон дар рафти ҳамоиши видеоӣ дар аввали ҳафта баррасӣ шудааст. Хабар дода шудааст, ки номзадии ӯро Сейтқазӣ Матаев пешниҳод кард ва он якҷониба пуштибонӣ ёфт.

Сейтқазӣ Матаев 22-уми феврал аз сӯи кормандони хадамоти зиддифасодӣ боздошт шуд.

Ҳафтаи гузашта додгоҳ мӯҳлати боздошти ӯро боз се моҳ дароз кард. Агар вай гунаҳгор дониста шавад, имкон дорад то 12 сол зиндонӣ шавад. Писараш Асат Матаев, раҳбари хабаргузории КазТАГ низ дар робита ба ин айбҳо дар ҳабси хонагист. Падару писар Матаевҳо айбномаро рад карда, онро талоши таъқиб ва фишор ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG