Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани "Овоз" дар Русия, ки ба мониторинги интихоботҳо машғул аст, дар ҳаҷми 1 миллиону 200 ҳазор рубли русӣ ҷарима шуд. Дар ин бора радиои "Эхо Москвы" хабар медиҳад.

Ин Анҷуман дар бораи ташкилоти ғайридавлатӣ- "агенти хориҷӣ" буданаш иттилоъ надодааст, мегӯяд ҳамраиси шӯрои "Ҳаракат" Григорий Мелконянтс.

Хабар дода мешавад, ки ҷаримаи ҳангуфт барои чунин айбе то кунун мушоҳида нашудааст. Анҷумани "Овоз" ба таълими нозирони интихоботҳои федеролӣ ва минтақаӣ машғул аст ва ҷараёни назоратро созмон медиҳад.

XS
SM
MD
LG