Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати адлияи Русия Маҷлиси тоторҳои Қримро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил ва фаъолияти онро қатъ кард. Дар сомонаи ин ниҳод хабар дода шудааст, ки чунин тасмим бар асоси қарори додситони Қрими ғасбшуда Наталя Поклонская гирифта шудааст.

Пештар созмони ҳимояи ҳуқуқи инсони Amnesty International аз қарори Поклонская дар бораи қатъи фаъолияти Маҷлиси халқии тоторҳои Қрим интиқод карда буд. Ин созмон таъкид кард, ки чунин қарор ҳуқуқҳои боқимондаи ақаллиятҳои миллиро поймол мекунад, ҳарчанд давлат бояд онҳоро ҳимоят кунад. Намояндаҳои тоторҳои Қрим қарори додситони Қримро “ҷиноят” унвон карданд.

Тоторҳои қримӣ қариб 15 дарсади аҳолии думиллионии ин нимҷазираро ташкил медиҳанд. Бештаре аз онҳо ба ғасби ин нимҷазира аз сӯи Русия мухолифат варзиданд.

XS
SM
MD
LG