Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагони мухолифини Сурия аз фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура хостаанд, даври нави гуфтугӯи сулҳ ба таъхир андохта шавад. Ин гуфтугӯҳо дар Женеваи Швейтсария баргузор мешаванд.

Намояндагони мухолифин гуфтаанд, то "фароҳам шудани шароити мусоид" ба гуфтугӯи сулҳ таваққуф эълон шавад.

Мухолифони Сурия нерӯҳои ҳукуматиро ба шикасти оташбас, ба вижа дар ноҳияи Ҳалаб, айбдор мекунанд. Рӯзи душанбе чанде аз гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин бо изҳороти дастаҷамъӣ муроҷиат карда, гуфтанд, дар вилоятҳои Лозиқия ва Ҳамо - дар посух ба рафтори артиши Башор Асад даст ба ҳамла мезананд.

Оташбаси Сурия охири моҳи феврал ҷорӣ шуд. Аммо сар аз рӯзҳои аввал чандин бор поймол гардид. Ҷонибҳои даргир ҳамдигарро дар вайрон кардани оташбас айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG