Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори нерӯманде Кобулро ларзонд


Як маҷрӯҳе дар инфиҷори имрӯзи Кобул

Як маҷрӯҳе дар инфиҷори имрӯзи Кобул

Субҳи 19 апрел як инфиҷор ё таркиши нерӯманде пойтахти Афғонистонро ларзонд. Дар пайи ин ҳамла, ки масъулияташро Толибон ба дӯш гирифт, мақомот аз талафоти ҷонӣ низ хабар медиҳанд.

Субҳи 19 апрел дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, инфиҷори нерӯманде рух дод, ки ба гуфтаи мақомоти афғон, дастикам 28 кушта ва беш аз 300 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин ҳамла дар наздикии Пули Маҳмудхон анҷом шудааст.

Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар изҳороти расмияш гуфт, ки бар асари ҳамлаи гурӯҳи Толибон дар маркази Кобул "теъдоди зиёде" кушта ва захмӣ шудаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, ба Озодӣ гуфт, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ ё худкуш буда ва тавассути як воситаи нақлиёт дар канори бинои Вазорати дифоъ ва агентиҳои амниятӣ сурат гирифтааст.

Баъд аз вуқӯи инфиҷор (таркиш) дар маҳалли ҳодиса садои тирпарронӣ шунида шудааст.

Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамлаи интиҳорӣ ё худкушро ба ӯҳда гирифтааст. Ҳафтаи гузашта мақомоти Толибон аз оғози ҳамалоти баҳорӣ хабар дода буданд. Шаҳри Кобул пас аз як оромиши нисбӣ бори дигар шоҳиди ин рӯйдод буда ва боис ба нигаронии ҷиддии сокинони шаҳри Кобул шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG