Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии Тоҷикистон, дар ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳудуди 70 тарҳи сармоягузорӣ бо маблағи умумии 21,9 миллиард сомонӣ ё наздики 2,8 миллиард доллари амрикоӣ дар маърази иҷро қарор дорад.

Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳаҷми тарҳҳои сармоягузорӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 13 дарсад афзоиш ёфтааст.

Аз ин ҷумла, 32 тарҳи кумаки билоиваз, 20 тарҳи қарзӣ ва 20 тарҳи дигарро сармояи қарзию кумаки билоивази молӣ ташкил медиҳанд.

Дар ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ тарҳҳо ба маблағи 8,8 миллиард сомонӣ ё 1,05 миллиард доллар, яъне, 38 дарсади тарҳҳои умумӣ иҷро шудаанд.

XS
SM
MD
LG