Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиши "100-солагии исён дар Туркистон"


Шаҳри Истамбул

Шаҳри Истамбул

Дар қурултой ё анҷумане, ки рӯзҳои 17-18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Истамбул баргузор шуд, мавзӯъи 100-умин солгарди исёни мардуми Туркистон (Осиёи Марказии феълӣ) алайҳи истисморгарони Русия дар соли 1916 матраҳ шудааст.

Ин анҷуман ба ибтикори созмони "Туркистониҳо", ки се соле қабл ба манзури мусоидат ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказии муқими Туркия таъсис шуда буд, доир гардидааст.

Дар ин ҳамоиш даҳҳо тан аз донишмандон, муаррихон, сиёсатшиносон, диншиносон, ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорони Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон ва Туркия ширкат кардаанд.

Дар ҳошияи анҷуман намоиши аксҳо ва санадҳои таърихии охирҳои асри 19 ва аввалҳои асри 20 ифтитоҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG