Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Ироқ нерӯи иловагӣ мефиристад


ИМА барои аз чанги гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» раҳо кардани шаҳри Мовсил 200 низомӣ ва чархболҳои "Апачи" мефиристад. Дар ин бора вазири дифои Амрико Эштон Картер рӯзи 18 апрел дар Бағдод хабар дод ва гуфт, ки нерӯҳои иловагӣ асосан барои машварати арти ши Ироқ дар наздикиҳои хатти ҷабҳа истифода хоҳанд шуд.

Эштон Картер, вазири мудофиаи ИМА, бо як сафари эълоннашуда ба Бағдод омад. Расонаҳо рӯзи 18 апрел аз қавли як мансабдори олимақоми ИМА навиштанд, ки Картер дар музокирот бо нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ, вазири мудофиаи кишвар Холид Убайдӣ ва фармондеҳи аршади гурӯҳи низомиёни амрикоӣ генерал Шон Макфарленд мавзӯи кӯмаки иловагии низомӣ ба Ироқ ба хотири тақвияти мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро баррасӣ кард.

Дар ҳамин ҳол як ширкати таҳлилии амрикоӣ эълом дошт, ки даромади гурӯҳи “Давлати исломӣ” тайи 15 моҳи ахир ба таври назаррас коҳиш ёфтааст ва ин ба мавҷудияти Хилофати худхонда дар дарозмуддат таҳдид мекунанд. Дар гузорише, ки ширкати IHS рӯзи 18 апрел нашр кард, гуфта шудааст, даромади гурӯҳи ситезаҷӯ моҳи март 56 миллион долларро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол пеш он 80 миллион доллар буд.

XS
SM
MD
LG